Сиесати AML/KYC

Муқобилият бо пулшӯӣ ва шиносоии муштариен

ҶДМ «Сервис ва Технология» — провайдери хадамот дар соҳаи гардиши активҳои рақамӣ, резиденти Парки технологияҳо (IT Park Dushanbe). Ширкат стандартҳои сахтро дар соҳаи муқобилият бо пулшӯӣ (AML) ва шиносоии муштариен (KYC) риоя мекунад.

Мақсади мо: Таъмини шаффофияти амалиетҳои молиявӣ ва пешгирӣ аз истифодаи Платформа барои қонунигардонии даромадҳои ҷиноятӣ ва маблағгузории терроризм.

1. Асоси ҳуқуқӣ

2. KYC чист?

KYC (Know Your Customer — «Муштарии худро бишнос») — раванди шиносоӣ ва тасдиқи шахсияти муштарӣ. Он дар бар мегирад:

3. Тасдиқи муштариен

Муҳим: Ҳамаи амалиетҳо дар платформа тасдиқи ҳатмии шахсият бо пешниҳоди селфи бо ҳуҷҷатро талаб мекунанд.

Стандартӣ Сатҳи тасдиқ

Талаботи ҳатмӣ барои ҳамаи муштариен:

  • Бақайдгирӣ бо email
  • Тасдиқи рақами телефон
  • Боркунии ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият (шиноснома)
  • Акс (селфи) бо ҳуҷҷат

Лимитҳо: то 50 000 TJS дар рӯз, то 500 000 TJS дар моҳ

Премиум Сатҳи васеъ

Талаботи иловагӣ:

  • Ҳамаи талаботи сатҳи стандартӣ
  • Тасдиқи суроғаи истиқомат
  • Тасдиқи манбаи маблағ
  • Видеотасдиқ (дар сурати зарурат)

Лимитҳо: инфиродӣ, дастгирии афзалиятнок

4. Ҳуҷҷатҳои зарурӣ

ҲуҷҷатТавсиф
ШиносномаҲуҷҷати асосӣ барои тасдиқ
Паспорти хориҷӣБарои шаҳрвандони хориҷӣ
Селфи бо ҳуҷҷатАкси рӯй бо ҳуҷҷат дар даст
Тасдиқи суроғаКвитансияи хадамоти коммуналӣ (на кӯҳнатар аз 3 моҳ)

5. AML чист?

AML (Anti-Money Laundering — «Муқобилият бо пулшӯӣ») — маҷмӯи чораҳо, ки ба пешгирии истифодаи системаи молиявӣ барои қонунигардонии даромадҳои ҷиноятӣ нигаронида шудааст.

6. Мониторинги транзаксияҳо

Мо мониторинги доимии транзаксияҳоро барои ошкор кардани ҳолатҳои зерин анҷом медиҳем:

7. Санҷиши суроғаҳои криптоасъорӣ

Ширкат хадамоти махсусро барои санҷиши суроғаҳои криптоасъорӣ оид ба алоқа бо фаъолияти ғайриқонунӣ истифода мебарад.

8. Ҳуқуқи рад кардани хидматрасонӣ

Ширкат ҳуқуқ дорад хидматрасониро рад кунад е амалиетҳоро боздорад дар ҳолатҳои:

9. Нигоҳдории сабтҳо

Мутобиқи банди 64 Низомнома, мо нигоҳ медорем:

10. Тамос

Оид ба саволҳои AML/KYC: