Сиесати махфият

Чӣ гуна мо маълумоти шуморо ҷамъоварӣ, истифода ва муҳофизат мекунем

Сиесати махфияти мазкур тавсиф мекунад, ки ҶДМ «Сервис ва Технология» (минбаъд — «Ширкат», «мо») чӣ гуна маълумоти шахсии корбарони платформаи Bitcom (минбаъд — «Платформа»)-ро ҷамъоварӣ, истифода, нигоҳдорӣ ва муҳофизат мекунад.

ҶДМ «Сервис ва Технология» провайдери хадамот дар соҳаи гардиши активҳои рақамӣ — резиденти Парки технологияҳои маҳсулоти барномавӣ ва технологияҳои иттилоотӣ (IT Park Dushanbe) мебошад.

Ҳифзи махфияти шумо афзалияти мо мебошад. Мо танҳо он маълумотеро ҷамъ меорем, ки барои пешниҳоди хадамот ва риояи қонунгузорӣ зарур аст.

1. Кадом маълумотро мо ҷамъ меорем

1.1. Маълумоти аз ҷониби шумо пешниҳодшуда

1.2. Маълумоте, ки ба таври автоматӣ ҷамъоварӣ мешавад

2. Мақсадҳои коркарди маълумот

Мо маълумоти шахсии шуморо барои мақсадҳои зерин истифода мебарем:

Мақсад Асоси ҳуқуқӣ
Бақайдгирӣ ва идоракунии ҳисоби корбарӣ Иҷрои шартнома
Гузаронидани амалиетҳои мубодила Иҷрои шартнома
Тасдиқи шахсият (KYC) Талаботи қонунгузорӣ
Муқобилият бо пулшӯӣ (AML) Талаботи қонунгузорӣ
Таъмини амният Манфиати қонунӣ
Беҳтар кардани хидмат Манфиати қонунӣ

3. Мӯҳлати нигоҳдории маълумот

Мутобиқи банди 64 Низомнома дар бораи Парки технологӣ ва талаботи қонунгузорӣ, мо маълумоти шахсии шуморо дар давоми мӯҳлатҳои зерин нигоҳ медорем:

Муҳим: Мӯҳлати ҳадди ақали нигоҳдории маълумоти KYC ва транзаксияҳо — 5 сол — аз ҷониби қонунгузорӣ муқаррар шудааст ва бо дархости шумо кӯтоҳ карда намешавад.

4. Муҳофизати маълумот

Мо барои муҳофизати маълумоти шумо чораҳои зеринро истифода мебарем:

5. Интиқоли маълумот ба шахсони сеюм

Мо метавонем маълумоти шуморо интиқол диҳем ба:

Мо маълумоти шахсии шуморо ба шахсони сеюм барои мақсадҳои маркетингӣ намефурӯшем ва интиқол намедиҳем.

6. Ҳуқуқҳои шумо

Мутобиқи қонунгузорӣ дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ, шумо ҳуқуқ доред:

Барои амалӣ кардани ҳуқуқҳои худ ба суроғаи info@bitcom.tj муроҷиат кунед

7. Файлҳои cookie

Мо файлҳои cookie-ро барои мақсадҳои зерин истифода мебарем:

8. Кӯдакон

Платформа барои шахсони зери 18-сола пешбинӣ нашудааст. Мо дониста маълумоти ноболиғонро ҷамъ намеорем.

9. Тағйироти сиесат

Мо метавонем Сиесати мазкурро ба таври даврӣ навсозӣ кунем. Дар бораи тағйироти назаррас мо шуморо тавассути почтаи электронӣ е огоҳинома дар Платформа хабардор мекунем.

10. Тамос

Оид ба саволҳо, ки ба коркарди маълумоти шахсӣ алоқаманданд: